Баргузории маросими поёнии ҷашнвораи байналмиллалии Имом Ризо ( а ) дар Машҳад
Ихтитомияи ҷашнвораи байналмиллалии Имом Ризо ( а ) дар Машҳад баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тувлияти остони Қудси разавӣ дар ин маросим бо баёни ин ки агар ҳувияти миллӣ ва динии мардуми кишвар гирифта шавад, онгоҳи султаву истисмори он миллат саҳл ва осон хоҳад буд, гуфт : Душман ба дунболи гирифтани ҳувияти эронӣ ва динии миллати мо аст.
Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Аҳмади Марвӣ изҳор кард : Имрӯз душман ба таҷриба дарёфтааст, ки ҳарбаҳои ҷанги низомӣ ва таҳрими иқтисодӣ посухгӯ нест, лизо роҳбурди гирифтани ҳуввияту ҳуввиятзудоӣ аз миллати Эронро дар пеш гирифтааст.
Вай бо баёни инки душман ба дунболи гирифтани ҳуввияти эронӣ ва динии миллати мо аст, афзуд : Дар натиҷаи баррасиҳое ки дар хусуси ҳаводиси соли гузашта сурат гирифт ва гуфтугуҳое, ки бо фиребхурдагони ин ҳаводис анҷом шуд ин натиҷа ба даст омад ки душман дар паи он аст ин фарзандон ва пораҳои тани моро беҳуввият кунад.
Аҳмади Марвӣ хотирнишон кард : Имом Ризо ( а ) зарфияти бисёр бебадилу азиме дар ҳуввиятбахшӣ ва тақвияти бунёнҳои динии ҷомеъа дорад, ки ҳунармандони арсаҳои мухталифи ҳунарӣ ва адабӣ бояд ба он тавваҷуҳи вижа дошта бошанд.
Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон ҳам дар ин маросим гуфт : Корҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо меҳварияти Имом Ризо идома дошта бошад.
Исмоъилӣ гуфт : Дар бистумини ҷашнвораи байналмилалии Имом Ризо ( а ) аҳолии фарҳангу ҳунар аз 18 кишвар асар эҷод карданд, ки дар байни онҳо ҷашнвораи шеъри арабӣ бисёр хуш дурахшид ва дар кишварҳои минтақа густариш ёфта, лизо бояд корҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо меҳварияти Имом Ризо ҳамчунон истимрор дошта бошад .
Вай афзуд : Аҳолии фарҳангу ҳунари ин кишвар бояд беш аз ин талош кунанду осори ҷадиде дар ҳунарҳои мухталифи биофаринанд; мо низ ба унвони Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ бояд кумаккунандаву назоратгар бошем, то ин завқи саршори ҳунармандон биҷушаду осори хубе халқ шавад ва ин кор шуданӣ аст; чи гуна аст, ки дар тӯли қуруни мухталиф бо вуҷуди талошҳое, ки барои мамониат аз нурафшонии Имом Ризо мешуд, миллионҳо ишқу алоқаву иродат нисбат ба Имом шакл гирифт ва идома ёфт.