Тафсир - Иродаи амалии Эрону Туркманистон бар тавсеаи равобит
(last modified Thu, 01 Jun 2023 13:25:35 GMT )
Июн 01, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Иродаи амалии Эрону Туркманистон бар тавсеаи равобит

Раиси Шӯрои маслиҳати халқи Туркманистон (30 май) ба Теҳрон сафар ва бо Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Равобити Эрону Туркманистон тайи ду соли ахир раванди рӯ ба рушде дорад. Раиси Шӯрои маслиҳати халқи Туркманистон олитарин мақом дар Ҷумҳурии Туркманистон ба шумор меравад.  Сардор Бердимуҳаммадов, фарзанди Қурбонгулӣ низ июни соли гузашта барои нахустин бор дар мақоми раёсатҷумҳурии Туркманистон ба Теҳрон сафар карда буд, ки дуввумин сафари хориҷии вай буд. Аввалин сафари расмии хориҷии Сардор ба Русия ва сипас ба Эрон анҷом гирифт.

Равобити Эрону Туркманистон беш аз ҳама аз ду фактори ҷуғрофиё ва фарҳанги муштарак нашъат мегирад. Эрону Туркманистон ҳудӯди 900 километр марзи заминӣ ва 300 километр марзи дарёӣ доранд. Ҷуғрофиёи муштарак омили муҳимме барои тамоюли мақомоти ду кишвар ҷиҳати тавсеаи равобит аст.

Дар дидори Раисӣ ва Бердимуҳаммадов 5 тавофуқнома имзо шуд, ки ҷуғрофиё омил ва зербинои аслии ин тавофуқот аст. Ду кишвар дар ҳавзаҳои энержӣ, обу барқ, транзит, судӯри хадамоти фаннии муҳандисӣ ва кишоварзӣ бар тавсеаи равобити дуҷониба таъкид доранд.

Нуктаи муҳим дар равобити Эрону Туркманистон, нигоҳи мусбату созандаи ду кишвар ба ин равобит аст. Эрону Туркманистон дар заминаҳои зиёде фарҳанги муштарак доранд. Ҳузури ҷамъияти туркман дар шимоли Эрон ҳам яке аз илали наздикии ду кишвар аст ва ҳам боис шуда, ки раҳбарони ду кишвар дидорҳои муназзамеро бо якдигар дошта бошанд. Дар ҳамин росто, пеш аз ин, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, равобити Эрону Туркманистонро равобити хешовандӣ номида буданд, ки дар дидори рӯзи гузаштаи Раисӣ ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов низ ба ин таъбир ишора шуд.

Раисӣ дар ин дидор гуфт, ба таъбири ҳакимонаи раҳбари инқилоб, робитаи мо бо Туркманистон на як робитаи ҳамсоягӣ, балки робитае хешовандӣ аст. Раисӣ гуфт, дар ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ гуфтугӯҳое сӯрат гирифту гомҳое бардошта хоҳад шуд, зеро ин ҳавза метавонад таъминкунандаи нигоҳи ду кишвар дар ҷиҳати иртиқои сатҳи фарҳангӣ бошад. Раиси Шӯрои маслиҳати халқи Туркманистон низ дар ин дидор гуфт, мо бо илҳом аз улгӯи шумо, маҷлиси бузургон ва маслиҳатандешонро дар Туркманистон таъсис кардем.

Нуктаи поёнӣ инки сафари раиси Шӯрои халқи маслиҳати Туркманистон ба Теҳрон дар имтидоди сиёсати тавсеаи ҳамсоягии давлати сездаҳуми Эрон қарор дорад. Мутобиқи ин сиёсат, густариши равобит бо кишварҳои исломӣ, минтақа ва ҳамсоя дар авлавияти давлати Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад. Сафари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Теҳрон, чаҳорумин сафари як мақоми аршади хориҷӣ ба Теҳрон дар 2 моҳи ахир аст. Нахуствазири Қазоқистон, раисиҷумҳури Ироқ, султони Уммон ва раиси Шӯрои маслиҳати Туркманистон чаҳор мақоми аршаде ҳастанд, ки дар ин муддат ба Эрон сафар карданд. Ҳам Эрон ва ҳам Туркманистон бар тавсеаи равобити дуҷониба таъкид доранд.

Раиси Шӯрои маслиҳати халқи Туркманистон дар ин бора гуфт, ҳар ду кишвар зарфиятҳои хубе доранд ва бояд аз он ба нафъи мардум истифода кунем.