Июн 03, 2023 09:35 Asia/Dushanbe
  • Қарор гирифтани арзҳои маҳаллӣ дар сабади Иттиҳодияи поёпои Осиё

Дабири Иттиҳодияи поёпои Осиё аз қарор гирифтани арзҳои маҳаллӣ дар сабади ин иттиҳодия хабар дод .

Иттиҳодияи поёпои Осиё дар соли 1974 ба манзури тавсеаи фаъолиятҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ва фароҳам кардани " тартиботи свопи пулӣ " ба манзури дастрасии муваққати аъзо ба " воҳидҳои пулии Осиё " ташкил шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фарҳоди Мурсалӣ-дабири Иттиҳодияи поёпои Осиё гуфто моҳи оянда туҷҷори эронӣ бо рупия, рубл ва юан ва ҳамчунин арзҳои маҳаллӣ имкони муомилаи молӣ доранд ва аз таҳримҳои мавҷуд ба воситаи доллар ва системаи СВИФТ роҳат мешаванд .
Мурсалӣ бо ишора ба мусаввабаи ташкили сабади арзии маҳаллӣ барои мубодилоти тиҷории миёни аъзо ба сурати поёпой афзуд : Манзур аз мубодилоти тиҷории поёпой аслан таҳотур коло нест ва ҳамаи мубодилот бо истифода аз арзҳои маҳаллии аъзо ва дар воқеъи пул анҷом хоҳад шуд .
Дабири Иттиҳодияи поёпои Осиё хотирнишон кард  бар асоси асосномаи иттиҳодия  ҳар кишваре аз ҳар куҷои дунё метавонад узви он шавад ва хадамоти мутақобил дошта бошад .
Ҷумҳурии исломии Эрон, Русияин,Туркия ва Ҳинд аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки иқдомотеро барои ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории худ анҷом додаанд .
Маҳали доимии дабирхонаи Иттиҳодияи поёпои Осиё дар Эрон қарор дорад .
 

 

Барчасп