Июн 03, 2023 18:20 Asia/Dushanbe
  • Баргузории солгарди иртиҳоли Имом (раҳ.) бо суханронии раҳбари муаззами инқилоб

Солгарди иртиҳоли имом (раҳ.) бо суханронии раҳбари муаззами инқилоб баргузор мешавад.

Маросими бо шукуҳи солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳузури пуршӯри мардуми муъмину инқилобӣ якшанбе аз соати 8 субҳ дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор хоҳад шуд.

Маросими солгарди иртиҳоли ҷонсӯзи бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, имом Хумайнӣ (раҳ.) ва  бузургдошти қиёми ҷовдонаи понздаҳуми хурдод ва таҷлил аз шуҳадои гаронқадри он, рӯзи шанбе 13 хурдод баъд аз намози мағриб ва ишо аз сӯи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар шабистони имом Хумайнӣ (раҳ.) ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма (с) дар Қум баргузор мешавад.

Дар Теҳрон низ маросими бо шукуҳи солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳузури пуршӯри мардуми муъмину инқилобӣ дар рӯзи як шанбеи 14 хурдод аз соати 8 субҳ дар марқади мутаҳҳари он азизи сафар карда, баргузор хоҳад шуд ва ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин маросим суханронӣ хоҳанд кард.

 

Барчасп