Июн 06, 2023 09:15 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Чин аз эътилофи Эрон - Арабистон - Аморот

Чин аз ташкили эътилофи миёни Эрон, Арабистону Аморот ва бархе кишварҳои дигар истиқбол кард.

Амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ-фармондеҳи неруии дарёи(баҳри)и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон шанбе сеюми июн аз ташкили эътилофи дарёии шимоли уқёнуси Ҳинд бо ҳузури Эрону Арабистон хабар дода буд.
Ба гузориш ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин рӯзи душанбе гуфтз эъломи ташкили эътилофи дарёии муштарак бо ҳузури Эрон, Арабистонморот ва бархе тарафҳои дигар истиқбол мекунем.
Ин сухангӯи чинӣ тасреҳ кард чунин эътилофе сабаби тақвияти амнияту субот дар минтақа мешавад .
Гуфтанӣ аст дарёдор Шаҳроми Эронӣ зимни эъломи хабари ташкили эътилофи Эрон - Арабистон - Аморот аз ташкили эътилофи дарёӣ дар шимоли уқёнуси Ҳинд бо ҳузури ин се кишвар ва ҳамчунин кишварҳои Қатар, Баҳрайн, Ироқ, Покистон ва Ҳинд ва тақрибан ҳамаи кишварҳои ин ҳавза хабар дод .
Фармондеҳи неруи дарёии Эрон ҳамчунин таъкид кард: " Ба зӯдӣ шоҳиди он хоҳем буд, ки минтақаи мо аз ҳар неруи ғайримуваҷҷаҳ орӣ шуда ва мардуми минтақа бо истифода аз сарбозҳои худ дар ҳавзаи амниятии худ мусаллат мешаванд . "
Тим Ҳойкинз-сухангӯи фармондеҳи флоти панҷуми неруии дарёии Амрико, ки ба баҳонаи таъмини амният дар тангаи Ҳурмуз дар даҳонаи халиҷи Форс гаштзанӣ мекунад ҷумъа ва ҳамзамон бо интишори изҳороти фармондеҳи неруии дарёии Эрон мухолифати худро бо ташкили ин эътилофи минтақаӣ эълом кард .

Бештар бихонед :

 

Барчасп