Июн 06, 2023 11:12 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба бозгушоии сафорати Эрон дар Арабистон вокуниш нишон дод

Вазорати хориҷаи Амрико дар вокуниш ба эъломи хабари бозгушоии сафорати Эрон дар Арабистон муддаӣ шуд, ки Вашингтон гуфтугӯии мустақими миёни Эрону Арабистонро ташвиқ кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ведант Патель-муовини сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи эъломи хабари бозгушоии сафорати Эрон дар Арабистон гуфт : Ба сурати умумӣ бояд бигӯям, ки мо гуфтугӯи мустақими миёни Эрону кишварҳои минтақаро ташвиқ кардаем . Табиӣ аст ки ду кишвар дар раванди ин гуфтугӯ суфарои худро бозгардонанд . Мо ҳамчунин умедворем ки ин гуфтугӯ ба коҳиши танишҳову афзоиши субот дар минтақа ва соири нигарониҳо кумак кунад.
Рӯзи гузашта Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Риёз ва сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷадда қабл аз азимати ҳуҷҷоҷи эронӣ фаъолияти амалии худро дар ҷиҳати тасҳили умӯри ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳил-ҳаром оғоз карда ва намояндагиҳои мазкӯр бо ҳузури масъӯлони Взорати умӯри хориҷаи ду кишвар расман бозгушоӣ мешаванд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп