Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Пирӯзии Ҳалаб ҳомиёни террористҳоро мунзавӣ кард
(last modified Fri, 23 Dec 2016 11:46:08 GMT )
Декабр 23, 2016 16:46 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Пирӯзии Ҳалаб ҳомиёни террористҳоро мунзавӣ кард

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, пирӯзии муқовимату озодсозии Ҳалаби Сурия, террористҳо ва ҳомиёнашонро дар минтақа мунзавӣ кард.

Ҳуҷҷатулислом Козимии Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо табрики озодии Ҳалаби Сурия таъкид кард, пирӯзии ҷабҳаи муқовимат дар Ҳалаб нишон дод, ки қудратҳои бузурги фароминтақаӣ ва такфириҳо бо пули нафту доллари ҳомиёни минтақаии худ натавонистанд дар баробари муқовимати мардумӣ истодагӣ кунанд.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ пирӯзии Ҳалаби Сурияро пирӯзии низоми исломӣ донисту таъкид кард, Ҳалаб имрӯз ба қимати хуни шаҳидони мудофеи ҳарам озод шудааст.

Вай ҳамчунин ба мазлумияти мардуми Баҳрайн ва сукути муддаиёни ҳуқуқи башар ва озодии баён дар ҷаҳон ишора карду гуфт, баҳрайниҳо фақат озодии баён, эътиқодот ва ҳуқуқи фардии худро хостор ҳастанд, аммо режими ҳоким бар ин кишвар на танҳо таваҷҷуҳе ба ин хостаҳо намекунад, балки масоҷиду ҳусайнияҳоро тахрибу шаҳрвандии бузургони онҳоро бекор ва зиндонӣ кардааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо маҳкумияти сукути муддаиёни ҳуқуқи башар дар баробари ҷиноёти режими ҳоким бар Баҳрайн афзуд: “Сукути Созмони милал як нанг ва тавҷеҳгари иқдомоти режиме аст, ки ҳатто як интихоботи озоду мардумӣ надорад”.

Ҳуҷҷатлислом Сиддиқӣ дар поён ба ҷиноёти режими Арабистони Саудӣ дар куштору наслкушӣ дар Яман ишора ва таъкид кард, режими саудӣ бо пули мусулмонон дар пайи нобудии кишварҳои исломӣ аст, аммо бедориву истиқомати мардум муҷиби нобудии ин режим хоҳад шуд.

 

Барчасп