Июн 11, 2023 19:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрону Чин
    Ҳамкории Эрону Чин

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо сарконсули ҷадиди Эрон дар Шанхай, бар фаъолсозии тамоми заминаҳои ҳамкории ду кишвар таъкид кард.

Алии Муҳаммадӣ, сарконсули ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон дар Шанхай дар остонаи азамат ба маҳалли маъмурият бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа дидор ва гузорише аз охирин вазъияти ҳавзаи маъмурияти худ ироа кард.

Ба гузориши ИРНА, Амирабдуллоҳиён дар ин дидор бо ишора ба аҳамияти равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Чин, бар фаъолсозии тамоми заминаҳои ҳамкорӣ, ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ таъкид ва бо ишора ба собиқаи деринаи робита бо Шанхай ва минтақаи шарқи Чин, бар тақвияти беш аз пеши равобит таъкид кард.