Июн 13, 2023 09:59 Asia/Dushanbe
  • Касби се медали тиллои намояндагони Эрон дар куштии озоди навҷавонони қаҳрамонии Осиё

Се куштигири озодкори навҷавони Эрон дар рӯзи аввали рақобатҳои қаҳрамонии Осиё се медали тилло касб карданд .

Мусобиқоти 3 вазни нахусти ин рақобатҳо  рӯзи душанбе дар шаҳри Бишкек-пойтахти Қирғизистон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  дар поёни рӯзи аввал Сино Халилӣ дар вазни 65 килограм, Абулфазли Ҳусайнӣ дар вазни 71 килограм ва Абулфазли Раҳмонӣ дар вазни 80 килограм-се намоянда Эрон буданд, ки ба медали тилло даст ёфтанд .
Мусобиқоти 7 вазни дувуму поёнӣ низ имруз ( се шанбе ) баргузор мешавад ва намояндагони Эрон ба масофи ҳарифони худ мераванд .

 

 

Барчасп