Раисӣ : Равобити Эрону Венесуэла ба сатҳи болотаре бирасад
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Зарфиятҳои гуногуни мутақобили Эрону Венесуэла эҷоб мекунад тавофуқоти ду кишвар ҳар чи зудтар иҷроӣ ва равобити байниякдигарӣ ба сатҳи болотаре бирасад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди сешанбе дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрону Венесуэла дар Каракас равобити ду кишварро роҳбурдӣ тавсиф ва тасреҳ кард . Вай бо вуҷӯди густариши равобити Эрону Венесуэла дар солҳои ахир бо ишора ба тавонмандиҳои Эрон дар арсаи судӯри хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ ва фароварии маҳсӯлоти кишоварзӣ ва маъданӣ, афзуд : Миллати Эрон ба воситаи истодагӣ дар баробари низоми султа ва ғалаба бар таҳримҳо таҷрибиёт ва дастовардҳои арзишманде дар заминаи илмӣ ва фанноварӣ ба даст овардааст, ки метавонад ин дастовардҳоро бо Венесуэла табодул кунад.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар фаъолтар шудани хутути киштиронӣ миёни Эрону Венесуэла, густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои санъатӣ, маъданӣ, энержӣ ва масоили пулӣ ва банкиро дар таъмиқу тақвияти равобити ду кишвар дорои аҳамият донист.
Никулос Мадоро-раиси Ҷумҳурии Венесуэла низ дар ин нишаст бо тамҷид аз собиқаи равобити роҳбурдии Теҳрону Каракас аз азми давлати ин кишвар барои оғози даври ҷадиде аз талошҳову иқдомот дар густариши равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод .
Раиси Ҷумҳурии Венесуэла бо ишора ба талошҳои Эрону Венесуэла барои коҳиши вобастагии иқтисодӣ ба даромадҳои нафтӣ ва дар натиҷаи афзоиши муқовимати иқтисодии ду кишвар дар баробари таҳримҳои хориҷӣ гуфт : Дар ҷаҳони ҷадиде, ки дар ҳоли шаклгирӣ аст, империализм дар ҳоли суқут буда ва кишварҳое ки дар баробари зиёдахоҳии мустакбирони муқовимат ва истодагӣ карданд дар остонаи пирӯзӣ қарор доранд .
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди душанбе ба вақти Теҳрон дар садри ҳайати сиёсӣ ва иқтисодӣ ва дар ростои тақвияти равобит бо кишварҳои дӯсту ҳамсӯ озими кишварҳои Венесуэла, Никарагуа ва Кубо дар Амрикои лотин шуд .
Каракас нахустин мақсади сафари панҷрӯзаи Раисӣ аст.
Бештар бихонед :