Июн 13, 2023 12:56 Asia/Dushanbe
  • Имзои 19 санади ҳамкорӣ миёни Эрону Венесуэла +akc

Мақомоти олирутбаи Эрону Венесуэла дар ҳузури раисони Ҷумҳурии ду кишвар 19 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ҳамкорӣ ва мушорикат дар ҳавзаҳое ҳамчун " иртиботот ва фанноварии иттилоот,энержӣ, бима, ҳамлу нақли дарёӣ, омӯзиши олӣ, кишоварзӣ, дору, пизишкӣ, табодулоти фарҳангӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои маъданӣ " аз ҷумла асноди муҳими имзошуда миёни вазирони умӯри хориҷа, нафт, дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ беҳдошт ва дармон ва фарҳангу иршоди исломии Эрон бо вазирони Венесуэлае буд .
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба даъвати расмии Николос Мадоро ба Венесуэла сафар кардааст, зуҳри рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ вориди фурудгоҳи байналмиллалии Каракас шуд ва мавриди истиқболи вазири умӯри хориҷаи ин кишвар қарор гирифт.
Раисӣ дар аввалин барнома аз сафари расмии худ ба Венесуэла бо ҳузур дар мақбараи Симон Боливар дар шаҳри Каракас зимни эҳдои тоҷи гул ба мақоми раҳбари инқилобҳои озодибахши Амрикои лотин ва сиёсатмадори фақиди Венесуэла адои эҳтиром кард . Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин дафтари ёдбӯди Симон Боливарро имзо кард .

Бештар бихонед :