Еравонӣ: Иқдомоти қаҳрии якҷониба бояд фаврӣ поён ёбад
Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, бар поёни иқдомоти қаҳрии якҷониба таъкид кард ва гуфт, ин иқдомот монее барои мушорикати кишварҳо дар талошҳои коҳиши тағйироти иқлим эҷод мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Саиди Еревонӣ, сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони милал дар нишасти Шӯрои амният дар мавриди тағйироти иқлим ва сулҳу амнияти байналмлллӣ изҳор кард, муқобила бо тағйироти иқлим ниёзманди ҳамкории ҷаҳонӣ, ҳамбастагӣ ва иқдоми ҷамъӣ аст.
Вай афзуд, тавофуқномаҳои байналмилалӣ, монанди Конвенсияи чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тағйири иқлим (UNFCCC) ва мувофиқатномаи Порис чорчӯбҳоеро барои расидагӣ ба ин мавзӯи фаврӣ фароҳам мекунанд.
Сафиру намояндаи доими Эрони Созмони милал тасреҳ кард, Эрон монанди соири кишварҳо бо чолишҳои зист муҳитӣ ва асароти тағйироти иқлим монанди олӯдагӣ, камбӯди об, тӯфонҳои шину гарду ғубор, биёбонзоӣ ва тахриби танаввуъи зистӣ мувоҷеҳ шуда ва ин чолишҳо ба далели аъмоли қаҳрии якҷонибаи Амрико ташдид шудааст.
Еравонӣ таъкид кард, иқдомоти Амрико монеъи таъмини молии байналмилалӣ ва сармоягузорӣ дар энержиҳои таҷдидпазиру дастрасӣ ба фанновариҳои созгор бо муҳити зист мешавад ва дар натиҷа, тахриби муҳити зист дар Эрон бар ҳуқуқи мардум барои доштани муҳит зисти солиму стандарти зиндагии муносиб таъсири манфӣ мегузорад.