Хатиби ҷумъаи Теҳрон : Саноъати ҳастаӣ мӯҷиби рифоҳи мардум мешавад
(last modified Sat, 17 Jun 2023 08:45:09 GMT )
Июн 17, 2023 13:45 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон : Саноъати ҳастаӣ мӯҷиби рифоҳи мардум мешавад

Имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон пешрафтҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи фанноварии сулҳомези ҳастаиро мӯҷиби рифоҳи мардум донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатилислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ-хатиби ҷумъаи Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба пешрафтҳои саноъати ҳастаии Эрон ва таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабнӣ бар тадовуми пешрафтҳо дар ин ҳавза гуфт : Раҳбари муаззами инқилоб пешрафтҳои ҳастаиро омили иззат медонанд; чаро ки саноеъи сулҳомези ҳастаӣ бо рифоҳу саломати мардум муртабит аст .
Имом-ҷумъаи Теҳрон бо баёни инки аксарияти донишмандони ҳастаии Эрон аз ҷавонони боистеъдоди эронӣ ҳастанд, тасреҳ кард : Санъати ҳастаӣ вазни сиёсӣ ва байналмилалии моро сангин карду имрӯз дар ҷаҳон ҷузви кишварҳои пешрафта дар фанноварӣ ва санъати ҳастаӣ, дифоӣ ва низомӣ ва соири абъод ҳастем .
Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Сиддиқӣ бо ишора ба сиёсати густариши муносиботи Эрон бо ҳамсоягон ва сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба кишварҳои Амрикои лотин гуфт : Сафари Сайидиброҳими Раисӣ ба Амрикои лотин, ки як замоне ҳаёти хилвати Амрико буд, паёмҳои бисёре ба ҳамроҳ дошт .
Имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба азсаргирии иртибототи сиёсӣ ва консулӣ бо Арабистон гуфт : Имрӯз Арабистону кишварҳои минтақа ба ин натиҷа расиданд, ки иртибот бо Эрон мояи амният, иззат ва қудрат аст ва авомили бегона ва хусусан амрикоиҳо ба ин натиҷа расидаанд,ки ҷое дар минтақа надоранд.