Раисиҷумҳури Узбекистон фардо ба Теҳрон сафар мекунад
Июн 17, 2023 19:04 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Узбекистон фардо ба даъвати расмии оятуллоҳ Раисӣ ва дар раъси ҳайати олирутба аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар ба Эрон сафар мекунад.
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон пас аз баргузории маросими истиқболи расмӣ, бо оятуллоҳ Раисӣ дидори хусусӣ дошта ва сипас ба иттифоқ нишасти музокироти ҳайатҳои олирутбаи ду кишварро баргузор хоҳанд кард.
Маросими имзои асноди ҳамкорӣ ва баргузории нишасти матбуотӣ аз дигар барномаҳои сафари раисиҷумҳури Узбекистон ба Эрон аст.