Июн 18, 2023 11:49 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Режими саҳюнистӣ аз рушди ҳамкориҳои Эрон ва Арабистон нороҳат аст
    Раисӣ: Режими саҳюнистӣ аз рушди ҳамкориҳои Эрон ва Арабистон нороҳат аст

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки ҳеҷ монеъи барои рушди равобит бо кишварҳои исломӣ надорем афзуд: Танҳо душманони мусалмонон ва дар раъси онҳо режими саҳюнистӣ аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ Эрон ва Арабистон нороҳат ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ асри шанбе дар дидори Файсал бин Фарҳон вазири хориҷаи Арабистони Саъудӣ гуфт: Режими саҳюнистӣ на фақат душмани фаластиниён, ки таҳдиди барои ҳамаи мусалмонон аст ва одисозии равобити бархе кишварҳо бо ин режим натанҳо амниятсоз нест балки мухолифи назми амнияти исломӣ  ҳам ҳаст.

Вай бо истиқол аз барқарории равобити ду кишвари муҳим ва асаргузори ҷаҳони ислом ба мавсими ҳаҷ ва ҳузури мусалмонон аз тамоми дунё дар сарзамини ваҳи ишора карду афзуд: Иқтизои эътиқодоти исломӣ ҳусни ҳамсояги ва манофеъи ду миллат дар гуфтугу ва тамъомули Теҳрон ва Риёз аст.

Вазири хориҷаи Арбаистони Саъудӣ низ бо ибрози хурсандии фаровон аз барқарории равобити ду кишвари силомӣ ва сафар ба Теҳрон изҳор дошт: Мо дар як марҳалаи тилоӣ қарор дорем, ки бояд қадри онро бидонем ва ҳамкории бо Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи баҳраманди аз ин шароитро барои тарафайн ва минтақа фароҳам мекунад.

Файсал бин Фарҳон бо ишора ба дастури подшодҳи ин кишвар барои ташкили коргуҳҳои мухталиф бари рушди равобит бо Эрон ба талошҳои кишвараш барои иртиқои равобит ба сатҳи стратежики ишора карду афзуд: Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар дастури кори Теҳрон ва Риёз қарор дорад.

Барчасп