Адмирал Эронӣ: Ҳамгароии минтақаӣ барои амнияти дарёнавардӣ иҷтинобнопазир аст
(last modified Wed, 21 Jun 2023 06:33:47 GMT )
Июн 21, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Эронӣ: Ҳамгароии минтақаӣ барои амнияти дарёнавардӣ иҷтинобнопазир аст

Фармондеҳи неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба дастовардҳои сафари расмии худ ба Покистон гуфт, ҳамгароии минтақаӣ барои сулҳу субот бавижа дар барқарории амнияти дарёнавардӣ иҷтинобнопазир аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, фармондеҳи нерӯи дарёии артиш ва аъзои ҳайати баландпояи низомии Эрон дар Исломобод бо фармондеҳони артиш, неруи дарёӣ ва ҳавоии Покистон дидору гуфтугӯ карданд.

Адмирал Шаҳроми Эронӣ равобиту ҳамкориҳои дуҷониба бо Покистонро улгӯе барои дигар кишварҳо донисту афзуд, минтақа дар ҳоли шаклгирии воқеии худ аст ва хушбахтона кишварҳои минтақа ба нубӯғи лозиму кофӣ расидаанд ва дар ин миён ду кишвари ҳамсоя ва бародари Эрону Покистон барои таъмини амнияти шоҳроҳҳои иқтисодии ҷаҳон дар канори якдигар ҳастанд.

Адмирал Эронӣ тасреҳ кард, Эрону Покистон бо таваҷҷуҳ ба шароити ҳокими имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон, бояд тавонмандиҳои мутақобил дар ҳавзаҳои омӯзишӣ, саноатӣ, низомӣ ва илмиро дар ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бакор бигиранд.