Декабр 24, 2016 11:46 Asia/Dushanbe
  • Рушди ҳамкориҳои бонкии Эрону Қирғизистон

Дар ҳошияи дидори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Қирғизистон раисони кулли бонкҳои марказии Эрону Қирғизистон бо якдигар дидор ва дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин нишаст Валиюллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии Эрон ва Толкунбек Абдигулов, ҳамтои қирғизаш дар заминаи мавзӯъҳое чун рушди равобити бонкӣ бо ҳадафи афзоиши ҳаҷми додугирифти тиҷорӣ, густариши истифода аз пули миллии риёл ва сом дар додугирифти дуҷониба баҳсу гуфтугӯ карданд.

Сайф дар ин дидор бо шарҳи нигариш ва рӯйкардҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз иҷрои БАРҶОМ дар робита ба кишварҳои ҳамсояи шимолӣ, бавижа Қирғизистон гуфт, лозим аст, барои рафъи мушкилот ва нигарониҳои фаровони тоҷирону фаъолони иқтисодии ду кишвар ҳарчи сареътар ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои бонкӣ байни бонкҳои марказии ду кишвар имзо шавад. Абдигулов низ зимни эъломи омодагӣ барои барқарорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои бонкии Қирғизистон бо Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “Моҳи оянда ҳамроҳи ҳайати муташаккиле аз мудирони бонкҳои қирғизӣ барои дидор бо намояндагони шабакаи бонкии Эрон ба Теҳрон сафар хоҳам кард, то ҳарчи сареътар ҳамкориҳои бонкии ду кишвар дар ҳама соҳаҳо оғоз шавад”.

 

Барчасп