Июн 22, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : Роҳи мубораки тавлиди навиштафзори эрониро бо қувват идома диҳед

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба номаи тавлидкунандагони навиштафзори эронӣ талошу ҳиммати ононро муборак дониста ва хостори идомаи ин масир шуданд.

Ҷамъе аз тавлидкунандагони навиштафзори эронӣ дар номаи худ гузориш аз дастовардҳои ҷадид ва муваффақиятҳои касбшудаи соли гузашта дар ин арсаро ба Раҳбари инқилоб ироа карда буданд .
Матни посухи Раҳбари инқилоб, ки субҳи имрӯз ( панҷшанбе ) аввали тирмоҳи 1402 ҳамзамон бо нахустин гирдиҳамоии фаъолони саноъати навиштафзори Эрон ( ҳамнавишт ) дар маҳали баргузории ин ҳамоиш мунташир шуд, ба шарҳи зер аст :
Бисмиҳи таъоло, бо салом, раҳоварди талошу ҳиммати шумо дар таҳияи навиштафзори эронӣ бори дигар муҷиби хурсандӣ ва сипос аз дастандаркорон шуд . Роҳи мубораке аст, бо қувват идома диҳед, бо тавфиқи Илоҳӣ.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ пеш аз ин ҳам дар 8 баҳмани 1400 дар паёми дигаре ба ойини посдошти навиштафзори эронӣ тавлиди босифати навиштафзорро барои ҳар кишваре мояи ифтихор тавсиф карда буданд.
 

 

Барчасп