Июн 22, 2023 20:22 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ : Сулҳу суботи пойдор дар гарави тавсеаву пешрафт дар кишварҳои минтақа аст

Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Сулҳу суботи пойдор дар гарави тавсеаву пешрафт дар кишварҳои минтақа аст.

Ба гузориши Вазорати умӯри хориҷаи Эрон, Алӣ Боқирии Канӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар сафар ба Давҳа чаҳоршанбешаб бо Муҳаммад Алхалифӣ-вазири мушовир дар Вазорати умӯри хориҷаи Қатар дидору гуфтугу кард.
Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин дидор бо ишора ба иродаи росихи ду кишвар барои таҳкими суботи минтақаӣ тасреҳ кард : Сулҳу суботи пойдори минтақаӣ дар гарави азми ҷиддии ҳама барои шаклгирии зерсохтҳои лозим дар ҷиҳати тавсеаву пешрафт дар ҳамаи кишварҳои минтақа аст.
Боқирӣ афзуд : Сулҳу суботе, ки тавсеаву пешрафтро ба дунбол надошта бошад муваққатӣ ва нопойдор аст.
Муҳаммад Алхалифӣ низ бо ишора ба равобити рӯ ба пешрафти ду кишвар изҳор дошт : Эрону Қатар ҳамвора шарик дар сулҳу суботи минтақа ҳастанд.
 

 

Барчасп