Июн 23, 2023 21:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири хориҷаи Эрон бар ҳамкории кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс
    Таъкиди вазири хориҷаи Эрон бар ҳамкории кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, эҷоди созукоре муштарак барои гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бо ҳузури ҳамаи кишварҳои ҳавзаи роҳбурдии халиҷи Форс беш аз ҳар замони дигаре лозим ва самарбахш аст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо ишора ба сафари ахири худ ба Қатар, Уммон, Кувайт ва Иморот, бо нигоҳ ба аҳамияти ҳамсоягон дар сиёсати хориҷии кишвар ва дар ростои тақвияти сиёсати ҳамсоягии давлати сенздаҳуми Эрон навишт: Ҷумҳурии исломии Эрон бар ин бовар аст, ки эҷоди созукоре муштарак барои гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бо ҳузури ҳамаи кишварҳои ҳавзаи роҳбурдии халиҷи Форс, беш аз ҳар замони дигаре лозим ва самарбахш аст.

Амирабдуллоҳиён афзуд, бо истиқбол аз ибтикори дабири кулли СММ  мабнӣ бар нишасти вазирони хориҷаи минтақа дар Ню-Йорк, идеяи ташкили "маҷмаи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ" бо мушорикати ҳамаи кишварҳои ду сӯи шимолу ҷануби халиҷи Форсро матраҳ ва ҷузъиёти мудаввану мактуби онро низ дар ояндаи наздик ба ҳамаи ҳамсоягони ҷанубии худ ироа хоҳем кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар поён хотирнишон кард, фардое беҳтар, амнтар ва шукӯфотар ҳаққи муштараки ҳамаи мардумони мост ва Ҷумҳурии исломии Эрон мусаммам аст, ки ба ин манзур талоши худро музоаф кунад.

 

Барчасп