Июн 25, 2023 11:23 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии Элекомп дар Теҳрон
    Ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии Элекомп дар Теҳрон

Бистушашумин намоишгоҳи электроники, компютер ва тиҷорати электрики пас аз чаҳор сол вақфа ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бистушашумин намоишгоҳи электроники, копютер ва тиҷорати электроники субҳи имруз якшанбе дар маҳали доимии намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон бо ҳузур мақомот ва масъулони кишвари ифтитоҳ шуд.

Ин намоишгоҳи серуза бузургтарин руйдоди фановарии иттилоъот ва  иртибототи Эрон бо ҳузури 500 ширкати дохили ва хориҷи аст, ки аз ин теъдод беш аз 150 ширкати эстертоп ва донишбунён ҳастанд.

Дар ин намоишгоҳ, ки бо шиъори ояндаи беҳтар барои иқтисоди диҷитоли баргузор мешавад дар канори дигар ширкатҳои дохили 50 ширкати хориҷӣ низ аз кишварҳои Узбакистон, Фаронса, Покистон, Сурия, Чин, Русия, Туркия, Арманистон ва Ироқ ҳузур доранд.

Барчасп