Футзали Эрон роҳии мусобиқоти КАФА мешавад
Июн 25, 2023 14:23 Asia/Dushanbe
Барномаи бозии тими футзали Эрон дар мусобиқоти КАФА мушахас шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон рақобатҳои футзали КАФА-2023 оқоён бо ҳузури тимҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон аз 1 то 8 мурдодмоҳ ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва аз суи КАФА барномаи мусобиқот ба шарҳи зер эълом шуд:
Якшанбе аввали мурдод
- Узбакистон-Тоҷикистон
- Қирғизистон-Афғонистон
- Эрон-Туркманистон
Душанбе 2 мурдод
- Тоҷикистон-Туркманистон
- Эрон-Қирғизистон
- Узбакистон-Афғонистон
Чаҳоршанбе 4 мурдод
- Туркманистон-Узбакистон
- Афғонистон-Эрон
- Тоҷикистон-Қирғизистон
Ҷумъа 6 мурдод
- Қирғизистон-Турманистон
- Афғонистон-Тоҷикистон
- Эрон-Узбакистон
Якшанбе 8 мурдод
- Туркманистон-Афғонистон
- Узбакистон-Қирғизистон
- Тоҷикистон-Эрон
Пеш аз ин эълом шуда буд, ки тими миллии футзали бузургсолони Эрон озими КАФА мешавад аммо мумкин аст ин барнома тағир кунад ва бо тими Умед ба Қирғизистон биравад.