Канъонӣ: Корномаи сиёҳи саҳюнистҳо бояд боиси шарму хиҷолати ҳомиёни ғарбии онҳо бошад
(last modified Sun, 25 Jun 2023 12:36:06 GMT )
Июн 25, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Корномаи сиёҳи саҳюнистҳо бояд боиси шарму хиҷолати ҳомиёни ғарбии онҳо бошад

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, корномаи сиёҳи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, бояд боиси шарму хиҷолати ҳомиёни ғарбии он бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар паёме навишт, ҷои тааҷҷуб аст, ки режиме бо собиқаи зиндонӣ кардани 160 кӯдак, ҳабси хонагии 600 кӯдак бегуноҳ ва 600 бемори фаластинии шомили 30 маълули ҷисмӣ ва ҳаракате сазовор қарор гирифтан дар «феҳристи шарми Созмони Милали Муттаҳид» нест ва ин дар ҳоле аст, ки ин режими кӯдаккуш дар камоли бешармӣ танҳо дар тӯли 6 моҳи нахуст соли ҷорӣ (2023), ҷони 26 кӯдаки бегуноҳи фаластиниро гирифтааст.

Вай афзуд, корномаи сиёҳи саҳюнистҳо дар чунин иқдомоте бояд боиси шарму хиҷолати ҳомиёни ғарбии ин режим апартеид бошад.