Рузи Арафа рузи ниёиш ва бахшиши гуноҳон
(last modified Wed, 28 Jun 2023 06:33:03 GMT )
Июн 28, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Рузи Арафа рузи ниёиш ва бахшиши гуноҳон
    Рузи Арафа рузи ниёиш ва бахшиши гуноҳон

Чаҳоршанбе 9 зиҳаҷа рузи Арафа рузи ниёиш ва ибодат рузе ки маъруф ба бахшиши гуноҳон ва қабули тавба аст рузе, ки Худованди Мутаъол бандагонашро ба суи худ ва ба таври вижа фаро мехонад.

Арафа аз идҳои бузурги исломӣ аст ва касе ки битавонад ин рузро дар саҳрои Арафот бошад тавфиқи бузурги дорад рузи Арафа аъмол ва дуъоҳои фаровони дорад ва беҳтарин амал дар ин руз дуо аст миллионҳо зоири хонаи Худо дар рузи Арафа сафедпуш ва лабайк гуён раҳсупори саҳрои Арафот мешаванд.

Ҳаҷгузорон то мағриб дар Арафот хонад буд ва пас аз мағриб ба тарафи Машъарулҳаром ҳаракат хоҳанд кард.

Маносики ҳаҷ бо вуқуф ва Машъарулҳаром аз тулуъи фаҷр то тулуъи офтоби рузи даҳуми зилҳаҷа идома меёбад. Зоирон сипас ба сарзамини Мино мераванд ва пас аз Рами Ҷамарот қурбони мекунанд ва пас аз он амали тарошидани муи сар ё кутоҳкардани муисар ё нохунро анҷом медиҳанд.

Аз дигар воҷиботи ҳаҷи фарзия Байтута дар сарзамини Мино дар шаби ёздаҳум ва давоздаҳуми зилҳаҷа аз ғуруби офтоб то нимаи шаб ва Рами Ҷамароти сегона дар рузҳои 11 ва 12 зиҳаҷа аст.

Дигар аъмоле ки зоирони сарзамини вайҳи бояд анҷом диҳанд то ҳаҷи худро кмил кунанд бозгашт ба Маккаи Мукарама ва анҷом додани тавоф, иқомаи намози тавоф, саъи байни Сафо ва Марва, тавофи Нисо ва намози тавофи Нисо аст.