Боқирӣ: Сарнавишти гурӯҳаки муздури Мунофиқин барои оппозитсиюни миллати Эрон бояд ибратомӯз бошад
(last modified Wed, 28 Jun 2023 12:46:34 GMT )
Июн 28, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ
    Сарлашкар Боқирӣ

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, ин сарнавишт барои оппозитсиюне ки ба миллату ватани худ пушт кардаанду дилхуш ба пуштибонии душманони миллати Эронанд, бояд ибратомӯз бошад.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме ба муносибати солгарди ҳафтуми тир (солрӯзи инфиҷори террористӣ дар дафтари Ҳизби ҷумҳурии исломӣ дар Теҳрон) афзуд: Ҳафтуми тир намоди мазлумият мардуме аст, ки танҳо ҷурми онҳо истиқлолталабӣ ва нафйи ҳар гуна султаи бегона буд.

Сарлашкар Боқирӣ гуфт: Нуктаи талху ҳайратовар, аммо сукути маргбори ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар қиболи ин иқдоми зиддибашарӣ буд.

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, сукуте ки стандартҳои дугонаи ҳуқуқи башариро пеши чашми озодихоҳону адолатталабон ба намоиш гузошт ва ин воқеиятро ба исбот расонд, ки муносиботи инсонӣ ва ба истилоҳ ҳуқуқи башарӣ то замоне эътибору ваҷоҳати байналмилалӣ дорад, ки миллатҳову давлатҳо дар масири хостаҳои ғайримашруи давлатҳои истеъморӣ ҳаракат кунанд.

Сарлашкар Боқирӣ афзуд, сарнавишти риққатангези омилони ҷинояти ҳафтуми тир гувоҳе бар ин башорат аст, ки гурӯҳаки муздури Мунофиқин ҳамакнун беш аз гузашта ба дарюзагӣ афтодаанд то ҷое ки ҳеҷ давлати аврупоие ҳозир ба паноҳ додан ба онҳо несту мисдоқи аз "ин ҷо ронда ва аз он ҷо монда" шудаанд.