Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Амрико ва саҳюнистҳо омилони беҳурматӣ ба Қуръон ҳастанд
(last modified Sat, 01 Jul 2023 06:55:11 GMT )
Июл 01, 2023 11:55 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Амрико ва саҳюнистҳо омилони беҳурматӣ ба Қуръон ҳастанд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт : Беҳурматӣ ба Қуръон бо таҳрики саҳюнистҳо ва лобии саҳюнистҳо анҷом мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатилислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷӣ Алиакбарӣ- хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба иҷозаи давлати Шветсия барои беҳурматӣ ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим тасреҳ кард : Иқдоми зидди фарҳанг ва зиддибашарии давлати Шветсия дар додани муҷаввиз барои ҳаттокии бешармона ба китоби муқаддаси наздик ба 2 миллиард мусулмон дар саросари ҷаҳон дар айёми Ҳаҷ ва иди Қурбон эҳсосоти мусулмонони ҷаҳонро ҷариҳадор кард .
Ҳуҷҷатилислом Ҳоҷӣ Алиакбарӣ бо баёни инки танзи талхи замона ин аст, ки кишварҳои ғарбӣ корҳои зишти худро ба исми озодӣ медонанд, афзуд : Чаро шуҷоати инро надоред, ки бигӯед қоил ба ҳурмати инсонҳо ва қоил ба каромати 2 миллиард инсон, ки дар замин зиндагӣ мекунанд, нестед ! ?
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар ин ҳол таъкид кард : Давлати Шветсия тасмимгиранда нест ва бечоратар аз ин ҳарфҳост ва ин иқдоми зишт ба таҳрики саҳюнистҳову лобии саҳюнистҳо иҷро мешавад.
Ҳуҷҷатилислом Ҳоҷӣ Алиакбарӣ ибрози умедворӣ кард : Созмони ҳамкории исломӣ ва давлатҳои исломӣ бархӯрди пушаймонкунандаву ғайратмандонае аз тариқи қонӯнӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба рафтори зишти давлати Шветсия барои беҳурматӣ ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим анҷом диҳанд .

 Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт : Рафторҳои зишту кареҳи давлатҳои ғарбӣ на танҳо ба Қуръони Карим осеб намезанад, балки нури Қуръон дар ҳоли ҷаҳонгир шудан аст ва рафтори мухолифони Ислом аз сари дармондагӣ аст.