Июл 03, 2023 09:46 Asia/Dushanbe
  • Чин бузургтарин шарики тиҷории Эрон
    Чин бузургтарин шарики тиҷории Эрон

Оморҳои ҷадиди гумруки Эрон нишон медиҳад Чин бузургтарин шарики тиҷории Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҷадидтарин гузориши гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки се моҳи нахусти соли ҷорӣ мизони содироти қитъаи колоҳои ғайринефтии кишвар ба истиснои нефти хом, нефти кура ва нефти сафед ва ҳамчунин бедуни содирот аз маҳали тиҷорат чамадонӣ болиғ бар 35 миллиону 595 ҳазор тонна ба арзиши 12 миллиарду 462 миллион доллар буда аст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл афзоиши 42 дарсади дар вазн дошта аст.

Ин омор нишон медиҳад ҳамчунин мизони воридоти Эрон дар ин муддат бо афзоиши якдарсади дар вазн ва 5 дарсади дар арзиши доллар дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта ба  рақами 8 миллиону 557 ҳазор тонна ва 14 миллиарду 19 ҳазор доллар расида аст.

Дар баҳори имсол бештарин мизони содироти Эрон ба мақсади кишварҳои Чин, Ироқ, Туркия, Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Ҳинд буда аст.

Барчасп