Тавофуқи Эрон ва Ироқ дар хусуси ҳамкори дар масоъили амниятӣ
(last modified Thu, 06 Jul 2023 05:51:42 GMT )
Июл 06, 2023 10:51 Asia/Dushanbe

Раиси идораи Ироқ дар Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Эрон ва Ироқ дар хусуси масоъили дуҷониба вориди музокироти минтақаӣ ва амниятӣ шуданд.

Дар ҷараёни ройзаниҳои Боқирӣ муовини сиёсати вазири хориҷаи Эрон ва Баҳралулум ҳамтои ироқиаш дар Бағдод тарафайн барои танзим санади роҳбӯрдии байни дукишвар тавофуқ карданд.

Дар ҳамин росто " Мусо Таботабоӣ" раиси идораи Ироқ дар Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи натоиҷи сафари " Алии Боқирӣ" муовини сиёсати вазири умури хориҷаи Эрон ба Бағдод дар хабаргузории Эрон Пресс , гуфт: Дар ин сафар Кумитаи муштараки байни Эрон ва Ироқ баргузор шуд ва тарафайн дар хусуси масоъили дуҷонибаи минтақаӣ ва амниятӣ музокира карданд.

Таботабоӣ афзӯд: Дар мавриди тавофуқи амниятӣ, ки ахиран анҷом гирифта шуда буд низ таъкид бар иҷрои  он сурат гирифт.