Июл 08, 2023 13:55 Asia/Dushanbe
  • Гарроси аз идомаи ҳамкориҳои Ожонс бо Эрон хабар дод

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи ҷумъа дар як конфаронси хабарӣ дар Токио гуфт : Ҳамкории Ожонс бо Эрон идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз идомаи ҳамкориҳо бо Эрон хабар дод ва дар айни ҳол муддаӣ шуд таҳаввули хосе дар парвандаи музокироти ин ниҳоди байналмилалӣ бо Эрон сурат нагирифтааст .
Вай бидуни ишора ба хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз Барҷом ва бадаҳдии тарафҳои аврупоӣ вазъияти иҷрои ин тавофуқро « душвор » тавсиф ва унвон кард : Талошҳо барои азсаргирии иҷрои Барҷом дар ҳоли ҳозир мутаваққиф шудааст. Бинобарин таҳаввули зиёде дар ин замина рух намедиҳад .
Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Созмони энержии атомии Эрон соли гузашта дар паи сафари дурӯзаи Рафаэл Гросси ба Теҳрон тавофуқотеро дар хусӯси ҳаллу фасли масоили подманӣ сурат доданд, ки бар асоси он Эрон ба сурати довталабона ба Ожонс иҷоза медиҳад то чунончӣ муқтазӣ бошад фаъолиятҳои ростиозмоӣ ва назорати бештарро иҷро кунад.
 

 

Барчасп