Июл 10, 2023 11:30 Asia/Dushanbe
  • Паёми Амирабдуллоҳиён дар пайи шаҳодати 2 маъмури Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Паёми Амирабдуллоҳиён дар пайи шаҳодати 2 маъмури Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи иқдоми террористи ва шаҳодати ду тан аз мудофеъони амнияти кишвар дар паёми ба Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон маротиби ҳамдардии худро ба хонаводаи муазази ин шуҳадои фадокор ва аъзои ҷиҳодгарони Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон иблоғ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар пайи терори ду тан аз мудофеъони амнияти кишвар дар паёми ба генерал Аҳмадризо Родор  Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки самимонатарин маротиби ҳамдарди ва таслияти инҷонибро дар ҳодисаи терори ду тан аз ҷонбаркафони Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон пазиро бошед.

Вазири умури хориҷа афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мубориза бо гуруҳакҳои террористӣ шуҳадои сарафрози бисёреро тақдими ислом, амният ва оромиши кишвар ва миллат намуд ва поймарди ва исоргарии онҳо ҳамвора кишварро аз газанди аҳдофи шуми террористҳо ва ҳомиёни шинохташудаи онҳо масун нигаҳ дошта аст.

Амирабдуллоҳиён сукути муддаиёни ҳуқуқи башар дар қиболи ҷиноёти аз ин дастаро ифшогарии моҳияти воқеъи онҳо донист ва таъкид кард: Зимни тақдими эҳтиром ба руҳи баланди шаҳид Алиризо Кайхон ва шаҳид Мубини Рашиди, ки дар амалиёти терористӣ дар шаҳри Зоҳидон ҷони худро дар аз даст доданд маротиби ҳамдардии худро ба хонаводаи муазази ин шуҳадои фадокор ва аъзои ҷиҳодгари Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон тақдим мекунам.