Маҳфили қуръонии қорӣ ва довари байналмиллалии тоҷикистонӣ дар Қум баргузор мешавад
(last modified Tue, 11 Jul 2023 06:58:14 GMT )
Июл 11, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Маҳфили қуръонии қорӣ ва довари байналмиллалии тоҷикистонӣ дар Қум баргузор мешавад

Ба ҳиммати Идораи кулли Қуръону ҳадиси Ҷомеъатул-Мустафо филоламия, ойини бузургдошт ва маҳфили қуръонии қорӣ ва довари байналмиллалии тоҷикистонии Қуръони карим дар Қум баргузор мешавад.

Дар пайи даргузашти қорӣ ва довари байналмилалии Қуръони карим марҳум,доктор Сайидсамариддин Самадов аз кишвари Тоҷикистон ва аз муҳассили давраи доктории Ҷомеъатул-Мустафо филоламия ойини бузургдошт ва маҳфили қуръонӣ бо ҳузури масъӯлон, устодон ва муҳассилини эронӣ ва ғайриэронии Ҷомеъатул-Мустафо филоламия баргузор мешавад .
Ин маҳфили қуръонӣ имрӯзи сешанбе 20 тирмоҳи 1402 ( 11 июли 2023 ) баъд аз намози аср дар масҷиди муҷтамаъи ҷомеъи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) воқеъ дар майдони Ҷиҳоди Қум доир хоҳад буд .
Ёдовар мешавад ин маҳфили қуръонӣ аз сӯии идораи кулли Қуръону ҳадиси ، муҷтамаъи омӯзиши олии Қуръону ҳадис ва ҳамчунин намояндагии Ҷомеъатул-Мустафо филоламия дар Осиёи марказӣ барпо хоҳад шуд.