Яман : Бо мӯшаки « Фаластин2 » фурудгоҳи Бин Гурионро ҳадаф қарор додем
Порстудей - Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман аз шиллики як мӯшаки баллистикии фаросавт ба самти фурудгоҳи Бин Гурион дар Тел-Авив хабар дод ва эълом кард : Ин ҳамла дар посух ба идомаи таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза сурат гирифтааст.
Яҳё Сареъ эълом кард, ки артиши Яман дар чорчӯби ҳимоят аз миллати Фаластин ва дар идомаи амалиётҳои пуштибонӣ як мӯшаки баллистики фаросавти « Фаластин 2 » ба самти фурудгоҳи Бин Гурион шиллек кардааст . Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман гуфт, ки ин амалиёт бо муваффақияти комил анҷом шуда ва мунҷар ба таваққуфи тараддуди ҳавоӣ дар фурудгоҳ ва фирори густардаи сокинони Тел-Авив ба паноҳгоҳҳо шудааст . Сареъ ҳамчунин бори дигар таъкид кард, ин иқдомот алайҳи мавозеъи режими ишғолгар ҳамчунон идома дорад.