Баргузории нишасти дипломосии илму фанноварӣ бо ҳузӯри сарконсули 6 кишвар дар Машҳад
-
Баргузории нишасти дипломосии илму фанноварӣ бо ҳузӯри сарконсули 6 кишвар дар Машҳад
Нишасти дипломосии илму фанноварӣ бо ҳузӯри сарконсулҳои 6 кишвари хориҷии муқими Машҳад, остонаи Хуросони Разавӣ баргузор шуд.
Ба гузориши Ирно, гирдиҳамоии дипломосии илму фанноварӣ бо ҳузӯри сарконсулгариҳои 6 кишвари хориҷии муқими Машҳад шомили Туркия, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар маҳали парки илму фанноварии Хурсони Разавӣ баргузор шуд.
Масъуди Мирзоӣ раиси парки илму фанноварии Хуросони Разавӣ дар ин маросим гуфт: Ҳузӯри сарконсули кишварҳои ҳамсоя дар парки илму фанноварии Хуросон фурсати камёбе аст то аз наздик бо бисёре аз дастовардҳои ҷаддиди фанноварон ва навоварон дар ин маҷмуъа ошно шуда ва дар масири ҳалли мушкилоти кишвари худ барномарезӣ ва иҷроӣ намоянд.
Раиси парки илму фанновари Хуросони Разавӣ гуфт: Дар ростои густариши дипломоси бо кишварҳои ҳамсоя ва бар асоси таъкидоти раисиҷумҳӯр, ин барнома бо ҳадафи рушди дипломосии иқтисодии донишбунён баргузор шудааст.