Июл 15, 2023 18:05 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои дуҷониба меҳвари дидори фармондеҳи артиши Покистон бо генерал Боқрӣ
    Густариши ҳамкориҳои дуҷониба меҳвари дидори фармондеҳи артиши Покистон бо генерал Боқрӣ

Дар дидори фармондеҳи артиши Покистон бо раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, генерал Сайид Осим Манир фармондеҳи артиши Покистон субҳи имруз шанбе дар сарвари ҳайти олирутбаи низомӣ бо ҳузур дар маҳали ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо генерал Муҳаммади Боқирӣ раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дидору гуфтугу кард.

Генерал Боқирӣ дар ин дидор пешинаи таърихии ду кившари ҳамсояи Эрон ва Покистонро заминасози густариши равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф унвон кард ва бо ишора ба аҳамияти рушди равобити низомии ду кившар бар афзоиши таъомулоти омузиши ва муносиботи муштараки дифоъӣ ва амниятии ду кившар дар сатҳи минтақаӣ таъкид кард.

Барчасп