Фармондеҳи кулли сипоҳ: Эрон амнияти Покистонро амнияти худ медонад
(last modified Sun, 16 Jul 2023 05:18:32 GMT )
Июл 16, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли сипоҳ: Эрон амнияти Покистонро амнияти худ медонад
    Фармондеҳи кулли сипоҳ: Эрон амнияти Покистонро амнияти худ медонад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар дидори фармондеҳи артиши Покистон амнияти ин кишвари ҳамсояро амнияти Эрон унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо генерал Ҳусейни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар дидори генерал Сайид Осими Мунир фармондеҳи артиши Покистон дар Теҳрон чолишҳои амнияти марзи дар марзҳои Эрон ва Покистонро имтидоди сиёсатҳои хатарноки низоми султа барои эҷоди тафриқаҳои хунин байни мусалмонон донист.

Генерал Сайид Осими Мунир фармондеҳи артиши Покистон ҳам дар ин дидор бо ибрози хурсанди аз сафар ба Эрон бар аҳамияти афзоиши таъомулоти дифоъӣ ва амниятии ду кишвар таъкид карду гуфт: Покистон барои ҳалли чолиши ноамниҳо ва ҳузур ва фаъолиятҳои унсурҳои террористӣ дар манотиқи марзи муштараки ду кишвар омода аст ҳамкориҳои байни ду кишварро тақвият ва муносибтарин роҳкорҳо барои убур аз вазъияти кунуни ва пешрафт дар дигар заминаҳои мавриди алоқаи ду кишварро ба кор гирад.