Июл 16, 2023 11:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 5 баробарии ҳаҷми табодули Эрон ва Тоҷикистон дар 2 соли гузашта
    Афзоиши 5 баробарии ҳаҷми табодули Эрон ва Тоҷикистон дар 2 соли гузашта

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба ин ки дар соли 1399 ҳаҷми табодул байни ду кишвар 57 миллион доллар буд гуфт: Дар ду соли гузашта ин мизон панҷбаробар шуд ва ҳаҷми табодул ба 240 миллион доллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Низомиддини Зоҳидӣ дар дидор бо Қосим Ризоён раиси утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишорвазии устони Гилон воқеъ дар шимоли Эрон бо таъкид бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон изҳор кард: Бояд равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф густариш пайдо кунад.

Қосим Ризоён раиси утоқи бозаргони саноат, маъданҳо ва кишоварзии устони Гилон низ дар ин дидор бо баёни ин ки ин устон бо кишварҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва Русия марзи хоки ва оби дорад афзуд: Иртиботи бахшҳои бозаргонии Тоҷикистон бо устони Гилон зиёд фаъол нест ва ниёз аст ки утоқи бозаргонии Тоҷикистон иртиботи худро бо Гилон бештар кунад.

Барчасп