Июл 18, 2023 18:38 Asia/Dushanbe

Ҳамоиши байналмилалии Ширхорагони ҳусейнӣ ҳамзамон бо нахустин ҷумъаи моҳи муҳарам дар Эрон ва 45 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эрон Пресс, Довуди Манофипур дабири маҷмаъи ҷаҳонии ҳазрати Алиасғар(а) дар нишасти хабари ба шарҳи барномаҳои ҳамоиши Ширхорангони ҳусейнӣ дар остонаи моҳи муҳарам гуфт: Имсол 8 ҳазор ҳамоиши Ширхорагони ҳусейнӣ дар Эрон ва 45 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад ва дар соли ҷорӣ ба рақами 8 миллион ширкаткунанда дар ҷаҳон хоҳад расид.

Маросими ҷаҳонии Ширхорагони ҳусейнӣ(а) яке аз маносики мазҳаби дар моҳи муҳарам аст, ки ба ёди кудакони шаҳид дар рузи Ошуро аз суи мусалмонони ҷаҳон аз ҷумла Эрон, Ҳинд, Покистон, Ироқ, Арабистон, Туркия ва Афғонистон дар нахустин ҷумъаи моҳи муҳарам баргузор мешавад.

Ҳазрати Алиасғар(а) кучактарин фарзанди имом Ҳусейн(а) имоми севуми шиъаён аст ки дар 10 муҳарами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар шашмоҳаги дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

Фардо чаҳоршанбе 19 июли соли 2023 аввали муҳарамулҳароми соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ аст.