Ойини сунатии изни азо дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор мешавад
Ба нишони эъломи оғози моҳи муҳрама ва шуруъи вижабарномаҳои аъзодории аёми шаҳодати ҳазрати имом Ҳусаейн(а) ойини сунатии изни азо дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ойини суннатии изни азодори имруз аз соати 17 то 18:30 бо таъвизи пушиши зареҳи мутаҳҳар ва пачами гунбади манураи ҳазрати Ризо(а) ва эҳдои парчам ба ҳайатҳои мазҳаби бо ҳузур ходимони боргоҳи қудсии Разавӣ дар ривоқи имом Хумайни(р) баргузор мешавад.
Қироати оёти аз каломуллоҳи маҷид, суханрони ва мадҳисарои аз барномаҳои ин маросими сунати аст.
Дар идомаи ин маросим низ парчами мутаҳҳари Разавӣ ва шоли азо, ҳамчунин пуш ва парчам тавассути тавлияти муаззаз ба сари кашики хадама ва раиси идораи интизомоти ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва ҳайати мазҳаби эҳдо мешавад.
Гуфтани аст ҳамасола дар остонаи фарорасидани моҳи муҳаррам ба нишонаи эъломи оғози моҳи муҳаррам ва шуруъи вижабарномаҳои азодории аёми шаҳодати имом Ҳусейн(а) парчами сиёҳ бар фарози гунбади ҳарами имом Ризо(а) ба эҳтизоз дар меояд ва то севуми рабиулаввал бар фарози гунбади тилоӣ боқи хоҳад монд.