Паёми Раҳбари инқилоб дар пайи ҷасорат ба соҳати Қуърони Маҷид дар Шветсия
(last modified Sat, 22 Jul 2023 13:19:38 GMT )
Июл 22, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари инқилоб дар пайи ҷасорат ба соҳати Қуърони Маҷид дар Шветсия
    Паёми Раҳбари инқилоб дар пайи ҷасорат ба соҳати Қуърони Маҷид дар Шветсия

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҷасорат ба соҳати муқаддаси Қуръони Маҷидро ҳодисаи талх ва тавтеаомез ва хатарофарин хонданду таъкид карданд: Ашади муҷозот барои омилони ин ҷиноят мавриди иттифоқи ҳамаи уламои ислом аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҷасорат ба соҳати Қуръони Карим дар Шветсия дар паёми афзуданд: Давлати Шветсия бояд омили ҷиноятро ба дастгоҳи қазоӣ кишварҳои исломӣ таҳвил диҳад.

Дар матни паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омада аст: Давлати Шветсия бояд бидонад ки бо пуштибони аз ҷинояткор дар баробари дунёи ислом ороиши ҷанги гирифта ва душмании умуми миллатҳои мусалмон ва бисёри аз давлатҳои онҳоро ба суи худ ҷалб карда аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармуданд: Вазифаи давлати Шветсия он аст, ки омили ҷиноятро ба дастгоҳи қазоӣ кишварҳои исломӣ таҳвил диҳад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Тавтеагарони пушти санҳа низ бидонанд ки ҳурмат ва шавкати Қуръони Карим руз ба руз афзунтар ва анвори ҳидояти он дурахшонтар хоҳад шуд амсоли ин тавтеа ва омили он ҳақиртар аз онанд ки битавонанд пешгирии ин дурахшиши рузафзун бошанд.

Панҷшанбе 20 июл барои дувумин бор зарфи чанд ҳафати ахир Селвон Мумикои ироқӣ-шветсияӣ бо ҳимояти полиси Шветсия иқдом ба иҳонат ба Қуръони Карим кард иқдоми беҳурмати ки вокуниши кишварҳои мусалмонро ба ҳамроҳ дошт.

Кишварҳои исломӣ зимни маҳкум кардани беҳурмати ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим, сафирон ва раисони намяндагиҳои дипломотики Шветсия дар ин кишварҳоро эҳзор карданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо эҳзори сафири Шветсия ба Вазорати умури хориҷа эълом кард ки бо таваҷҷуҳ ба поёни маъмурияти сафири Шветсия дар Теҳрон ва ба дастури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон то замоне, ки давлати Шветсия иқдоми муассири барои ҳифзи ҳурмати китоби осмонӣ ва Қуръони Маҷид сурат надиҳад ва бархурди ҷидди бо фард ё ҷараёне ки чунин беҳурматиеро барои дувуминбор дар Шветсия такрор карда надошта бошад сафири ҷадиди Шветсияро ки қарор буд тайи рузҳои оянда вориди Эрон шавад намепазирад.