Нишасти ҳайати узбекистонӣ бо пажӯҳишгарони эронӣ дар хусӯси ҷойгоҳи ибни Сино
Ҳайати узбекистонӣ бо гуруҳе аз пажӯҳишгарони эронӣ дар нишасте дар хусӯси ҷойгоҳу аҳамияти ибни Сино машварат карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии устони Ҳамадон, Нозимхон Маҳмудов-раиси бунёди ибни Сино дар Узбекистон дар садри ҳайати илмӣ дар ростои тафоҳуми байни раисони Ҷумҳурии Эрону Узбекистон ва бо ҳамкорӣ ва таъомули Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Эрон сафар карданд ва дар дидорҳои ҷудогона ба масъӯлону мутаваллӣони фарҳангии Ҳамадон бар зарурати иртибототу таъомулоти бештари фарҳангӣ ва илмӣ бо меҳварияти ибни Сино таъкид кард .
Беш аз як ҳазор сол аз ҳаёти ҳаким, шайхурраис Абӯали Сино мегузарад ва ҳамчунон ин файласуф, донишманд ва табиби машҳури эронӣ, фахри ҳикматонаи пойтахти таъриху тамаддуни Эронзамин аст ва оромгоҳаш бар сафҳаи гардишгарии ин диёр медурахшад .
Оромгоҳи ин донишманди беназиру такрорнашуданӣ, ки дар зумраи файласуфони бузурги ҷаҳон қарор дорад дар миёнаи майдоне ба номи ӯ дар Ҳамадон воқеъ шудааст.