Июл 24, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Ваҳдат Ҳаннонов
    Ваҳдат Ҳаннонов

Ваҳдат Ҳаннонов, футболисти тоҷикистонии “Персполис” се муштарии даст ба нақд дорад ва мумкин аст бошгоҳи “Персполис” ба зудӣ ин бозикуни худро бифурӯшад.

Аз он ҷо ки Яҳё Гулмуҳаммадӣ ба дунболи ҷазби дарвозабон ва муҳоҷим барои тақвияти тимаш аст, баид аст, ки ӯ битавонад бозикуне зери 23 сол барои ин ду мақом пайдо кунад ва аз ин рӯ маҷбур аст листи бузургсолони зарфияташ такмилшударо кам кунад.

Аз ин рӯ, эҳтимоли фурӯши Ҳаннонов ба яке аз се тими “Сипоҳон”, “Зӯбоҳан” ва “Гулгуҳар” зиёд аст.

Дар ин миён бошгоҳи “Сирҷонӣ” бештарин рақамро барои хариди Ҳаннонов пешниҳод дода ва ба ин хотир шонси бештаре барои ҷазби ӯ дорад.

 

Барчасп