Баргузории додгоҳи ҳамлаи террористии ҷангандаҳои Амрико ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон
(last modified Tue, 25 Jul 2023 10:15:05 GMT )
Июл 25, 2023 15:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории додгоҳи ҳамлаи террористии ҷангандаҳои Амрико ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон

Ҷаласаи додгоҳи расидагӣ ба шикояти ҳуқуқӣ аз артиши Амрико дар ҳамлаи террористӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии “Моҳон”-и Эрон дар соли 2020, дар муҷтамаи қазоии шаҳид Биҳиштии Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар солрӯзи ин иқдоми террористӣ, шуъбаи 55 ҳуқуқии байналмилалии додгустарии Теҳрон дар муҷтамаи шаҳиди Биҳиштӣ ба раёсати қозӣ Ҳусайнзода ҷаласаи расидагӣ ба ин ҷиноятро баргузор кард.

Хоҳонҳо (мусофирони парвоз) дар ин парванда дархости маҳкумияти молӣ ва ҳамчунин таъйини хисорати танбеҳӣ ва боздоранда барои хондагон (артиши Амрико)-ро доштанд.

Пас аз баргузории ҷаласаи баррасии парванда, додгоҳ эълом кард, раъй дар муҳлати қонунӣ содир ва ба тарафайн иблоғ мегардад.