Июл 28, 2023 19:19 Asia/Dushanbe
  • Иравонӣ: Эрон вазифаи худ медонад, ки аз ҳуқуқи машруи Фаластин дар муқовимат дар баробари зулму таҷовузи режими саҳюнистӣ ҳимоят кунад
    Иравонӣ: Эрон вазифаи худ медонад, ки аз ҳуқуқи машруи Фаластин дар муқовимат дар баробари зулму таҷовузи режими саҳюнистӣ ҳимоят кунад

Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон бар ин бовар устувор аст, ки масъалаи Фаластин танҳо аз тариқи поён додан ба ишғолгарӣ ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи мусаллами миллати Фаластин дар таъйини сарнавишти худ қобили ҳал аст.

Артиши режими саҳюнистӣ бомдоди душанбе (24 июл) ҳамлаи густардаеро ба урдӯгоҳи Ҷанин оғоз карду дар ниҳоят баъд аз ду рӯзи юриш ба Ҷанин ва вуқуи амалиёти истишҳодӣ дар шаҳри Тел-Авив, ки мунҷар ба захмӣ шудани 10 саҳюнист шуд ва посухи талофиҷӯёнаи муқовимати Ғазза ба ин юриш, маҷбур ба тарки Ҷанин шуд.

Дар ин ҷинояти дурӯза 12 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 100 нафари дигар захмӣ шуданд.

Амир Саиди Иравонӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал гуфт, ташдиди таҷовузоти ахири Исроил нигаронкунанда аст, таҳоҷуми режими Исроил ба урдугоҳи Ҷанин мунҷар ба кушта шудани ғайринизомиён, аз ҷумла занону кӯдакон ва тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ шуд.

Вай гуфт, Шӯрои амният бо сукути худ қатъномаҳои СММ-ро беасар кардааст ва мардуми Фаластинро дар муқобили ҷиноёти ин режим ба ҳоли худ раҳо кардааст ва Шӯрои амният бояд масъулияти иҷрои қатъномаҳои худро бипазирад.

Иравонӣ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон вазифаи худ медонад, ки аз ҳуқуқи машруи Фаластин дар муқовимат дар баробари зулму таҷовузи ин режими опортойд дар ростои ҳаққи таъйини сарнавишт ҳимоят кунад ва то поёни ишғол ин сиёсати усулии Эрон хоҳад буд. 

 

 

Барчасп