Омодагии Эрон барои эҷоди ниҳоди молии муштарак миёни кишварҳои узви БРИКС
Раиси кулли Бонки марказии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад тавонмандиҳои худ барои пешбурди пешниҳодоти муштарак дар заминаи тавсеаи фаъолиятҳои гурӯҳи БРИКС ва эҷоди як низоми молии ҷадид аз сӯи аъзои ин гурӯҳро дар ихтиёри Русия қарор диҳад.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, Муҳаммадризо Фарзин-раиси кулли Бонки марказии Эрон, ки барои тавсеаи муносиботи пулӣ ва банкии Эрон ва Русия ба Санкт-Питербург сафар кардааст, мавзӯъи дастёбӣ ба роҳкорҳои интиқоли пул ва тасфия(ҳисобу китоб)и пулиро аз муҳиммтарин меҳварҳои мавриди баҳс миёни кишварҳои узви БРИКС донист ва гуфт, иттиҳодияи поёпои осиёӣ (acu) фурсати бисёр хубе барои канор гузоштани доллар аз муомилоти миёни кишварҳои узв аст, ки ҳамакнун кишварҳое монанди Ҳинд ва Покистон ҳам узви ин иттиҳодия ҳастанд.