Июл 30, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми 2 новчаи мушакандози неруи дарёӣ артиши Эрон ба режаи Санкт-Петербург
    Эъзоми 2 новчаи мушакандози неруи дарёӣ артиши Эрон ба режаи Санкт-Петербург

Ду фарванд новчаи мушакандоз келоси камони неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз новгуруҳи шимоли ин неру дар дарёӣ Хазар барои ширкат дар ин режа озими Русия шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ҳамзамон бо сафари адмирал Шаҳроми Эронӣ фармондеҳи неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Санкт-Петербург ба манзури ширкат дар маросими солрузи таъсиси неруи дарёӣ артиши Русия ду фарванд новчаи мушакандози келоси камони неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз новгони шимоли ин неру дар дарёӣ Хазар барои ширкат дар ин режа озими Русия шуданд.

Тобистони гузашта низ неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қолаби новгуруҳи 75 муташакил аз новҳои Саҳанд ва новбандари Макрон бо тайи масири 45 ҳазор километри ва сабти рекорди ҷадиди дар таърихи дарёнавардии Эрон дар маросими 325-умин солгарди таъсиси неруи дарёӣ Русия дар бандари Санкт-Петербург ширкат кард, ки мавриди таваҷуҳи расонаҳои мухталифи ҷаҳон қарор гирифт.

Барчасп