Август 10, 2023 10:30 Asia/Dushanbe
  • Сафири Ингилис ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд
    Сафири Ингилис ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд

Мудири кулли ғарби Аврупои Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Сафири Инглис дар Теҳрон дар пайи интишори муҳтавои мудохилаҷӯёна дар яке аз шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳамзамон бо Рӯзи хабарнигор ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс,« Маҷид Нили Аҳмадободӣ» мудири кули ғарби Аврупои Вазорати умури хориҷаи Эрон афзӯд, матолиби насанҷида, ғайри масъулона ва хориҷ аз урфи дипламатик, мисдоқи боризи дахолат дар умури дохили буда ва ғайри қобили пазириш аст.

Нили Аҳмадободӣ бо ишора ба иқдомоти мухариби бархе расонаҳои мустақар дар Лондон алайҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба баҳонаи озодии баён изҳор дошт: Инглис бо собиқаи ғайри қобили дифоъ дар қиболи мардуми Эрон дар ҷойгоҳе нест, ки бихоҳад дар хусуси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон изҳори назар кунад.