Август 12, 2023 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии навҷавонони эронӣ дар рақобатҳои ҷаҳонии волейбол

Тими волейболи навҷавонони Эрон ба унвони нойибқаҳрамонии рақобатҳои ҷаҳонии 2023 расид.

Ба гузориши ИРНА, тими волейболи навҷавонони Эрон, ки то дидори ниҳоӣ, ҳафт бурди мутаволӣ дар ин рақобатҳо ба даст оварда буд, аз соати 2:30 дақиқаи бомдод ба вақти Теҳрон ба масоф Фаронса рафт ва ба рағми талоши бозикунон мағлӯби ин тим шуд то ба унвони ноибқаҳрамонии ҷаҳон иктифо кунад.

Миллипӯшони навҷавони Эрон дар ин мусобиқаи се бар як натиҷаро ба ҳариф вогузор карданд то барои сеюмин бори унвони ноибқаҳрамониро ба даст оваранд.

Дар дидори раддабандии қаҳрамонии навҷавонони ҷаҳон низ тимҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ба масофи якдигар рафтанду намояндаи Осиё бо пирӯзии се бар як ба медоли брунз ва мақоми сеюмӣ даст ёфт.

 

Барчасп