Август 14, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ барои шиносоӣ сареъи авомили дахил дар ҷинояти террористии Шоҳчароғ(а)
    Таъкиди Раисӣ барои шиносоӣ сареъи авомили дахил дар ҷинояти террористии Шоҳчароғ(а)

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳарти Шоҳичароғ(а) дар тамосҳои телофони бо вазири кишвар ва устондори Форс бар шиносоӣ ва таъқиби ҳамаи авомили ин ҷиноят таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ якшанбешаб дар ин гуфтугуи телефони ба вазири кишвар маъмурият дод абъоди амниятии ин мавзуъро бо қотеъият ва фаврият барраси ва натиҷаро гузориш диҳад.

Раисӣ ҳамчунин бо таслият ба бозмондагони хонаводаҳои шаҳиди ин ҳодисаи террористӣ аз устондори Форс хост аз бакоргирии ҳамаи имконоти дармонии лозим барои мудавои маҷруҳон этминон ҳосил кунад.

Асри якшанбе як террористи мусаллаҳ аз дарби Бобулмаҳдии ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ қасди вуруд ба ҳарамро дошта аст ки бо муқовимати неруҳои ҳифозати аз ҳарам ру ба ру шуд.

Ин террористҳо дар идома ба тарафи афроди ҳозир дар дари вуруди тирандози мекунанд яке аз террористҳо то кунун дастгир шуда ва фарди дигар феълан мутавори аст.

Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифта аст.

Дар ҳамлаи террористӣ то кунун 1 нафар шаҳид ва 8 нафар маҷруҳ шуданд, ки ҳамаи онҳо ба марокизи дармонӣ мунтақил ва таҳти мудово қарор доранд.