Декабр 27, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ҳамосаи 9 дей, намунае аз қудрати низоми ҷумҳурии исломист

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар остонаи солрӯзи ҳамосаи 9 дейи 1388, ин ҳамосаи беназир ва қудрати фикрии мардумро аз намунаҳои қудрати низоми ҷумҳурии исломӣ донистанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз бо ишора ба душманӣ ва кинаварзии амалии мустакбирон бо ҳокимияти ислом ва талоши онон барои салби муаллифаҳои қудрати низоми исломӣ хотирнишон карданд, имрӯз ҳандасаи тақобули қудратҳои истикборӣ бо ҷумҳурии исломӣ дар ҷиҳати салби қудрати моддӣ ва маънавӣ ва азму иродаи миллати Эрон аст, дар муқобил бояд ин қудратро ҳифз ва рӯз ба рӯз тақвият кард .

Мақоми муаззами раҳбарӣ бо ишора ба ривояте аз паёмбари икром (с), дастёбӣ ба хайр ва саодат дар ҷавомеи башариро дар сояи бархурдорӣ аз қудрат донистанд ва афзуданд, қудратҳои мустакбир ҳамчун Амрико, саодати ҷомеа ва ончиро, ки арзишҳои амрикоӣ  мехонанд, дар ҷамъоварии сирват ва тасаллут бар олам дунбол мекунанд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба лузуми муҷаҳҳаз шудан ба анвои қудрат аз ҷумла қудрати фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва басиҷи мардумӣ афзуданд: Ба хиёбон омадани миллионҳо нафар дар 22 баҳман бо гузашти ҳудуди 40 сол аз инқилоби исломӣ, нишонаи қудрати низоми исломӣ дар басиҷи мардумӣ аст, ки ин мавзуъ дар дунё беназир аст .

Эшон ҳамосаи 9 дейро намунаи дигаре аз унсури қудрати низом баршумурданд ва афзуданд: Дар он ҳодисаи беназир, ҳеч кас дастандаркор набуд ва қудрати фикрӣ, ки шокилаи аслии низоми исломӣ аст, мардумро ба хиёбонҳо кашонд ва он ҳодисаи беназир падид омад .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин дар хусуси қудрати ношӣ аз силоҳи ҳастаӣ гуфтанд, манъи силоҳи ҳастаӣ мабонии бисёр муҳими фиқҳӣ ва ақлонӣ дорад, аммо имкони талош барои касби анвои дигари қудрат дар ихтиёри давлат ва миллат қарор дорад .

 

Барчасп