Август 14, 2023 19:22 Asia/Dushanbe
  • Шурои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ ҳамла ба зоирони ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғро маҳкум кард
    Шурои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ ҳамла ба зоирони ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғро маҳкум кард

Шурои ҳамоҳангии созмони таблиғоти исломии Эрон ҳамлаи авомили курдил ба зоирони ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар Шерозро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс шурои ҳамоҳангии созмони таблиғоти исломии Эрон бо судури баёнияи эълом кард: Дар ҳузну мотами сайиду солори шаҳидон ҳазрати имом Ҳусейн(а) ва солрузи шаҳодати ҳазрати имом Саҷод(а) унсури курдил ва душманони ноком ва сархурда аз пайдори муқовимат ва истодагии миллати азими Эрони исломӣ зоирон ва муҷовирони ҳарами мутҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а)-ро мавриди ҳаҷма қарор доданд, ки мунҷар ба шаҳодат ва маҷруҳ шудани теъдоди аз ходимон ва зоирони мазлуми ҳамватан ва ошиқони аҳлубайт(а) шуд.

Дар ин баёния омада аст: Бетардид душман ҳавмора талош мекунад бо эҷоди буҳрон ва таниши ҷитимоъӣ коми миллати Эрон талх ва афкори умумиро аз конуни таваҷуҳ ба мувафақиятҳо ва дастовардҳои миллӣ ва дипломосии фаъол дар сатҳи байналмилалӣ мунҳариф ва бо иқдомоти кур аз миллати ҳушманд, ки дар маросим ва муносибатҳо бо басират ва муқтадирона ва бо шукуҳ ва пуршур ҳузур дорад интиқом бигирад.

Шурои ҳамоҳангии созмони таблиғоти исломии Эрон бо маҳкумият кардани иқдоми террористии ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғ(а) эълом кард: Дастгоҳҳои амниятӣ ва қазоӣ ҳарчи зудтар омилон, омирон ва пуштибонони ин хабосатҳоро шиносоӣ ва ба ашади муҷозот бирасонанд.

Барчасп